Дар деҳаи Корвони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона, утоқи директор, китобхона, ошхона ва хонаи омӯзгорон мебошад. Дар он дар ду баст 480 хонанда дарс меомӯзанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат бо хабарнигор Субҳониддини Маҳмуд гуфтаанд, ба шарафи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2023 то имрӯз дар шаҳри Ваҳдат 23 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва 144 синфхонаи иловагӣ дар назди 79 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 13 000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.
Ин ҳама созандагию бунёдкорӣ дар соҳаи маориф мушкилии норасоии ҷойи нишастро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф менамояд.