Дар ҳузури журналистон беш аз
333 кг маводи мухаддирро сӯзонданд
Имрӯз, 13-уми июл, пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як амалиёти муҳим ба анҷом расонида шуд. Кормандони ин ниҳод, дар ҳузури рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма 333 килограмму 26 грамм маводи мухаддири мусодирашударо оташ заданд.