Arzon march 2024
Дар умрам як бор ошиқ шудаму....
08.01.2023
Mahina
2066


Ҳунаманди асил ҳамонест, ки дар хунаш ҳунар нуҳуфтааст, новобаста аз душвориҳо ба мақсади худ мерасад, баландтарин қуллаи муроди худро фатҳ месозад. Комилҷон Зарипов аз ҷумлаи чунин ҳунармандон аст. Ӯ дар оилаи санъаткор ба дунё омада, аз хурдӣ дар дилаш шавқи ҳунарманди ҷой гирифтааст. 

Муаллифи сурудҳои “Майда-майда”, “Яғноб”, “Чашмони ба ноз”, “Так-таки дил”, “Дилбари мастчоҳӣ”, “Алла”, ”Дили овора” ва чандин дуетҳои хубу дар ёд монданӣ ҳамроҳи падар, ба монанди “Остин” (Зарафшони), “Гардам” (Зарафшонӣ) аст.

Дар ибтидо Комилҷон Зарипов кӣ буданд ва баъд кӣ шуданд? Ҳар як инсон дар зиндагӣ бисёр орзупарвар мешавад ва ман низ орзу мекардам, ки як шахси намуна барои ҷомеа бошам. Шукри Худо мекунам, ки фарзанди сазовору номбардори ҳунарманд Қобилҷон Зарифов ҳастам. Рост аст, ки шумо дар наврасиатон шармгин будаед?

- Албатта, аз давраи наврасӣ то инҷониб дар ман хислати шармгинӣ ҳаст. Лекин кӯшиш мекардам ҳамеша атрофиён маро бо чеҳраи хандон бубинанд. Ҳеҷ вақт худро ҷиддӣ нишон намедодам. Инсон вақте ба камол мерасад, рӯз ба рӯз тағйир меёбад. Дар зиндагӣ бисёр ҳам хоксору заминиам. Маро мардум чунин баҳо медиҳанд. Набояд худам чунин гӯям, аммо аз ҳамон мушоҳидаҳоям ё суханҳои мухлисонам дарк менамоям, ки маро чунин меҳисобанд. Мо ки ҳунарманд - тарбиятгарем, бояд худ дили соф ва меҳру муҳаббат дошта бошем, ҳам ба ватан, ҳам ба мухлисон, ҳам ба фарзанду оилаи худ.
- Каме аз замони донишҷӯиятон мегуфтед...
- Хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳастам. Дар ҳама маҳфилҳои фарҳангии донишгоҳ фаъолона иштирок намудам. Беҳтарин айёми ҷавонӣ буд. Ҳамеша ёд аз он рӯзҳо намуда, аз хотироти нек худ ба худ хурсанд мегардам.
- Агар бигӯянд, ки Комилҷон танҳо сарояндаи тӯй аст, шумо чӣ мегӯед?
- Албатта дуруст аст. Чун даромади ҳамаи мо санъаткорон аз тӯй аст. Шукр мекунам, ки дар маҳфилҳои хурсандии мардум ҳастам, мардум хуб қабул мекунанд ва бо мардум ҳастам. Зиндагии санъаткорон бо обод кардани маъракаҳои мардум пеш меравад. Ман хурсанд аз он ҳастам, ки дар хушҳоливу гузаронидани рӯзҳои неки мардум онҳоро ҳамроҳӣ мекунам. Дар Тоҷикистон ҳар як сароянда бояд аз уҳдаи гузаронидану сароидани сурудҳои тӯёна барояд, ман низ аз он ҷумла.
- Чаро сурудҳои ором ё ғамангезро кам месароед?
- Сурудҳои ғамангез хондаам, вале кам. Ман ки бисёртар дар маҳфилҳои арӯсию домодӣ ҳастам ва худ низ дар саҳна озодам, ба худам бисёртар таронаҳои рақсӣ писанд аст. Таронаҳои рақсӣ зуд ба дил роҳ меёбанд, табъро болида намуда, руҳияи шунавандаро хуб месозанд.
- Оғози фаъолиятатон чӣ гуна буд?
- Рости гап, ман ки дар оилаи санъаткор ба воя расидаам, ба санъат бисёр наздик будам. Ҳар рӯз дар хонаи мо базм буду сурудҳо садо медоданд. Ҳамроҳи падари бузургам ба тӯю маъракаҳо бисёр мерафтем. Албатта, он вақтҳо тӯю маъракаҳо дигар хел буданд. Пеш аз маърака ғазалхонӣ мешуд, баъд суруду рақс буд. Ҳамин тавр, шавқ маро оҳиста-оҳиста ба сӯи ҳунару ҳунармандӣ овард. Бо шавқи дар дил дошта ва албатта бо дастгирии падарам дар ин самт барои худ роҳ кушодам. Аввалин бор якуми январи соли 2000-ум бо таронаи “Наврӯзи Фалғар”, ки дует ҳамроҳи падар буд, рӯйи саҳнаи бузург баромада будам.
- Матни сурудҳоятонро кӣ интихоб мекунад?
- Падари бузургворам ва устод Хайриддини Саид.
- Дар зиндагиатон лаҳзае ҳаст, ки мехоҳед дубора такрор шавад?
- Ҳар чӣ, ки гузашт, дигар бозгашт надорад. Ба ҳар як сония умру вақте, ки Худованд насиб гардонидааст, шукргузорам.
- Дар бораи зиндагии оилавиатон чӣ гуфта метавонед?
- Дар бораи зиндагии шахсии худам танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки хушбахтарин падар ҳастам ва зиндагии ширин дорам. Шукри Худованди бузург. Дар зиндагӣ як бор сидқан ошиқ шудам ва то имрӯз дар паҳлуи ману бо ман аст.
- Шунидем, ки аз хурдсолиатон кор мекардед. Оё бароятон душвор набуд?
- Не. Мард набояд аз душворӣ битарсад. То азоб накашем, ба ҷое намерасем. Дар дунё коре бе душворӣ намешавад, аммо ҳеҷ гоҳ мушкилиҳо маро ноумед накардаанд. Пайваста мекӯшидам, ки мушкилиҳоро нодида бигарам, то ба хостаҳои дили хеш бирасам.
- Ба ҷуз сарояндагӣ боз чӣ машғулият доред?

- Мегӯянд, ки “ба як мард чил ҳунар кам аст”. Ман ин мақолро шиори худ қарор дода, пайваста мекӯшам, ки дар ҳар самт фаъолият дошта бошам. Ба ҷуз сарояндагӣ, муддати 12 сол мешавад, ки дар ширкати “Вавилон-Мобайл” фаъолият мекунам.
- Ҳар рӯз дар бораи санъаткорон суханҳое, ки худ намехоҳанд, паҳн мешаванд, аммо то ба имрӯз дар саҳифаи ҳаёти шумо чунин чизе нест...
- Чун хоксориву хислати хуб дорам, шояд барои ҳамин нисбатам суханҳои бад нест. Шукр!
- Чизе гӯед, ки то ба имрӯз мухлисонатон нашунида бошанд дар боратон.
- Дар зиндагии ман ягон чизи пинҳонӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Фикр мекунам, ки ҳамаи сирру асрори маро аллакай мухлисонам медонанд.
- Чаро вақтҳои охир кам суруд таҳия мекунед?
- Шакарро камаш хуб аст. Мехоҳам, ки мухлисонам ҳамеша интизори сурудҳои навам бошанд.
- Нақшаҳои ояндаатон...
- Аввалан, ташаккури зиёд ба шумо ва аҳли ҳамкоронатон. Мо кӯшиш мекунем, ки барои мухлисон сурудҳои беҳтаринро таҳия намоем. Дар ин замина нақшаҳо хело зиёданд, ки бигзор махфӣ бимонанду мухлисон интизор бошанд.

Мусоҳиб:
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД