Gazprom july 2025
Дар Туркия заминҷунбии шадид рух дод
11.08.2025
Oila.tj
195

Шоми якшанбе дар ғарби Туркия зилзилаи шадид бо қувваи 6,1 балл рух дод. Маркази он дар вилояти Баликесир соати 19:53 ба вақти маҳаллӣ сабт гардидааст, аммо ларзишҳоро дар бисёр минтақаҳо, аз ҷумла Истамбул ва вилоятҳои ҳамсоя низ эҳсос кардаанд.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфтааст, ки дар Баликесир 16 бино фурӯ рехтааст, ки аз онҳо танҳо чортоаш маскунӣ будаанд. То ҳол аз марги як нафар ва ҷароҳати ҳадди ақал 29 кас хабар дода мешавад.

Корҳои наҷотдиҳӣ пурра анҷом ёфтаанд, аммо сокинон ҳанӯз дар ҳолати тарсу изтироб қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД