Имрӯз, 19-уми январ, соати соати 11:21 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, маркази заминларза дар ҳудуди Покистон, дар масофаи 526-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 259-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ ҷойгир будааст. Шиддати заминларза дар марказаш 6-7 бал ва дар шаҳри Хоруғ 3 бал будааст.
Харобӣ ва талафоти ҷонӣ дар тайи заминларза ба қайд гирифта нашудааст.