Шаби 21-юми октябр, соати 23:15 ба вақти Душанбе дар Тоҷикистон заминларза ба миён омад.
Ба иттилои Созмони заминшиносии Амрико (U.S. Geological Survey), маркази заминҷунбӣ дар 34-километрии ноҳияи Ишкошими Афғонистон ва дар умқи 244 километр ҷойгир будааст. Қувваи заминларза дар маркази он 5,1 бал арзёбӣ шудааст.
Ларзиши заминро сокинони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон низ эҳсос кардаанд.
Алҳол дар бораи хисороти эҳтимолӣ ё оқибатҳои заминларза иттилоъ дода нашудааст.