Дар Тоҷикистон ба реҷаи таътили мактаббачагон тағйирот ворид шудааст. Тибқи тағйироти нав акнун хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ ба ҷойи 10 рӯз 7 рӯз истироҳат мекунанд.
Ҳамин тавр, таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ 5 рӯз муайян шудааст. Ин тағйирот тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2024 чунин муайян карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамин гуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд. Зимнан, давомнокии соли хониши имсола бе назардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад, 34 ҳафтаро дар бар мегирад.
Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд: таътили тирамоҳӣ - 7 рӯз (аз 1-уми ноябр то 7-уми ноябр); таътили зимистона - 7 рӯз (аз 1-уми январ то 7-уми январ); таътили баҳорӣ - 5 рӯз (аз 25 то 29-уми март). Қаблан, хонандагони тоҷик аз 1 то 10-уми ноябр ба таътили тирамоҳӣ, аз 1 то 10-уми январ ба таътили зимистона ва аз 21 то 31-уми март ба таътили баҳорӣ мебаромаданд. Яъне, дар се фасли сол онҳо баъди ҷамъбасти чоряк 10-рӯзӣ истироҳат мекарданд.