Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1-уми ноябр оғоз шуда, то 7-уми ноябр идома меёбад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, чоряки якуми соли таҳсил 31-уми октябр ҷамъбаст мешавад.
Ҳамин тариқ, хонандагон баъди анҷоми чоряки аввал як ҳафта ба таътил мебароянд ва аз 9-уми ноябр ба дарсҳо бармегарданд.