Arzon march 2024
ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ЗИЁД ШУД
03.09.2020
Р. Азимӣ
2822

 Дирӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситод баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мувофиқ ба дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуввуми COVID-19 гузарондани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Инчунин, таъкид гардидааст, ки ҳангоми сайругашт дар боғу хиёбонҳо қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя шавад ва бастани ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмист. Масофаи байниҳамдигарии сайркунандагон набояд аз 1,5 то 2 метр кам набошад.

Бинобар иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар як шабонарӯзи охир 84 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 35 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 8654 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, то санаи 2 сентябр дар мамлакат 7447 (86,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 69 нафар фавтидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД