goodwell
Дар Тоҷикистон сериали 90-қисмаи «Гулшан» таҳия мешавад
29.09.2026
Oila.tj
126

Дар Тоҷикистон таҳияи силсилафилми нави тоҷикӣ бо номи «Гулшан» оғоз шудааст, ки аз 90 қисм иборат хоҳад буд. Давомнокии ҳар қисми он аз 35 то 40 дақиқа пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи коргардон Муҳиддини Музаффар, силсилафилм ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, баъдан бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ садогузорӣ мешавад. Чор қисми аввали «Гулшан» дар деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда, марҳилаи тадвин ва коркарди рангии онҳо бо истифода аз технологияҳои муосир дар Эрон анҷом ёфтааст.

Дар филм ҳунарпешагони маъруф ва собиқадор, аз ҷумла Лутфулло Давлатзода, Фирӯза Раҳмонова, Искандар Каримов, Малоҳат Абдуллоева ва Замирахон Юлдошева нақшҳои марказиро иҷро мекунанд. Ҳамчунин Аҳмадҷон Қутбиддинзода, Шомурод Аюбзода, Ёсамин Мусоева, Фурқат Ҷомизода ва Парвиз Ашуров дар он нақш офаридаанд.

Дар гурӯҳи эҷодии силсилафилм мушовир Валерий Аҳадов, наворбардор Шуҳрат Қурбонов, мудири филм Мусулмони Саидмурод, рассом-таҳиягар Фаридуни Музаффар, оҳангсоз Шери Маршел, тадвингар Зариф Зарипов, садогузор Муҳаммад Ҳусейн Иброҳимӣ ва муҳаррир Зайниддин Орифӣ шомиланд.

Коргардон умед дорад, ки майдони наворгирии «Гулшан» барои ҳунарпешагони театру синамо ба макони сайқали маҳорати касбӣ ва пайдоиши чеҳраҳои нави синамои тоҷик табдил меёбад.

Нахустнамоиши силсилафилм дар доираи маҳдуд баргузор шуда, ба он рӯзноманигорон, синамогарон, намояндагони вазорату идораҳо ва блогерон тариқи даъватнома роҳ дода мешаванд. Пас аз ин, «Гулшан» дар канали «Довфилм» дар YouTube нашр хоҳад шуд.

Ба иттилои коргардон, наворбардории қисмҳои минбаъда солҳои 2027-2028 дар Душанбе, вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД