Дар Тоҷикистон нерӯгоҳи барқӣ-
обии "Хуталон" сохта мешавад
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз мавзеи пешбинишуда барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Хуталон», ё худ «Шӯроб», боздид намуд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, нерӯгоҳ дар маҷрои дарёи Вахш, дар қитъаи байни нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Норак» бунёд карда мешавад.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 800 мегаватт пешбинӣ шуда, истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ дар он зиёда аз 2,5 миллиард киловатт-соат хоҳад буд.
Зимни боздид масъалаҳои марбут ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва татбиқи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳ баррасӣ гардиданд.