Дар Тоҷикистон мактабҳо 12-сола мешаванд. Дар ин бора муовини вазири маориф ва илми кишвар ба журналистон хабар додааст.
Зиёдулло Абдулзода , муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори нашрияи “Омузгор” гуфтааст, ки то соли 2030 мактабҳои Тоҷикистон 12-сола мешаванд. Ба гуфти ин масъули соҳаи маорифи кишвар, қабул ба синфи 1-ум аз 6-солагӣ оғоз хоҳад ёфт.
“Бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳсилоти 10-солаи асосӣ ва 12-солаи миёнаи умумӣ мешавад. Қабули хонандагон ба синфи як аз 6-солагӣ пешбинӣ гардидааст", - навиштааст манбаъ аз қавли Зиёдулло Абдулзода.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло мактабҳои Тоҷикистон 11-сола ҳастанд, вале ҷорӣ намудани навгониҳо дар системаи маориф аллакай оғоз ёфта, айни замон низоми нави баҳогузории 10-холаро таҷриба карда истодаанд. Дар назар аст, ки баъди санҷиш он ба низоми маориф ворид карда мешавад.