toyota motors
Дар Тоҷикистон маҳдудияти ҳаракати нақлиёти боркаш ҷорӣ мешавад
08.05.2026
Oila.tj
73

Дар Тоҷикистон аз оғози фасли гармо маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷорӣ мегардад. Тибқи иттилои мақомот, ин тадбир бо ҳадафи ҳифзи роҳҳо аз фарсудашавии бармаҳал андешида шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, маҳдудият аз 1-уми июн оғоз шуда, то 31-уми августи соли ҷорӣ амал мекунад. Дар ин давра, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа, ҳаракати мошинҳое, ки вазнашон аз 6 тонна зиёд аст, дар соатҳои рӯзона - аз 10:00 то 19:00 маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки маҳдудият дар роҳҳои байналмилалӣ ва магистралӣ, аз ҷумла Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе - Қулма (самти Қароқурум, тавассути Кӯлоб ва Дарвоз), Душанбе - Хоруғ - Мурғоб - Қулма, Душанбе - Бохтар - Панҷи Поён (сарҳади Афғонистон), Душанбе - Кӯлоб, Ваҳдат - Рашт - Лахш - сарҳади Қирғизистон ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (вилоятӣ ва байнишаҳрӣ) дошта ҷорӣ мегардад.

Дар баробари ин, барои баъзе навъи нақлиёт истисно пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ин маҳдудият ба мошинҳое, ки мусофирон, кумаки башардӯстона, маҳсулоти зудвайроншаванда ва дигар борҳои махсусро интиқол медиҳанд, татбиқ намешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе роҳҳое, ки дар рӯйхат зикр нашудаанд, маҳдудият метавонад нисбат ба нақлиёти аз 8 тонна боло низ татбиқ гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД