Дар Тоҷикистон коронавирус нест!
1872
Дар гузориши нави созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International, ки 29 апрел нашр шуд, бархе ҳукуматҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои вокуниши саркӯбгаронаву хушунатомезашон ба муқобила бо паҳншавии коронавирус ва кишварҳои мисли Тоҷикистон барои нодида гирифтани хатари пандемия интиқод шуданд.
Дар гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки “раҳбарони сиёсии Беларус, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷиддияти пандемияи COVID-19-ро ночиз гирифта барои муқобила бо ин вирус чораҳои мардумиро таблиғ карданд”.

Дар бораи Тоҷикистон гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ки “президент Раҳмон хатари коронавирус дар Тоҷикистонро ҳамоно ночиз мешуморад. Ӯ иддао кард, ки намунаҳои меъёри тозагии инфиродӣ ва поккории Тоҷикистон сабаби он шуд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад”. Ин созмон мегӯяд, дар Тоҷикистон чандин тадбири фосилагирии иҷтимоӣ рӯи даст гирифта шуд, вале мағозаву бозорҳо боз мемонанд. Ин созмон мегӯяд, дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус муассисаҳои тиббӣ таҳти карантин гузашта, шакли кори беморхонаҳо мутобиқан тағйир дода шуд. Дар боздоштгоҳу зиндонҳо мулоқот бо зиндониҳо муваққатан манъ шуда танҳо дар бархе ҳолатҳо вакилони дифоъ бо зерҳимояҳои худ дидор мекунанд.

“Аз 22 апрел ба ин сӯ мақомот таъкид мекунанд, ки ҳеҷ як ҳодисаи гирифторӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад ва тамоми ҳодисаҳои марбут ба афзоиши беморони бистариро бо нишонаҳои бемориҳои роҳи нафас ба пневмония рабт медиҳанд”.
Дар гузориши Афви байнулмилал бархе кишварҳои Аврупои Шарқиву Русия ва Осиёи Марказӣ барои вокуниши сахту бераҳмона ва поймолкунии ҳуқуқи инсон интиқод шудаанд. Аз ҷумла, дар гузориш омадааст, ки “Дар Қазоқистон мақомот дарҳои хонаҳои серошёнаро кафшер карда, дар Чеченистон ходимони полис мардуми бе ниқоб ба кӯча баромадаро латукӯб мекунанд”.

Манбаъ "Озодӣ"
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД