Рӯзҳои 13-14-уми октябр дар як қатор минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон эҳтимоли сар задани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, хатари сел қисматҳои алоҳидаи вилояти Суғд ва Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фаро мегирад. Сабаби эҳтимолии сар задани сел боришоти маҳаллӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ арзёбӣ мешавад.
Дар робита ба ин, аз сокинон ва меҳмонони минтақаҳои зикршуда даъват карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд, аз убури маҷрои дарёву селроҳаҳо худдорӣ намоянд ва ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.