Дирӯз соати 19:25 дар қаламрави ҷумҳурӣ боз як заминларзаи сахт рӯй дод. Тавре ки марказҳои байналмилалии зилзиласанҷи иттилоъ додаанд, маркази ин офати табиӣ дар қаламрави Вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ, аниқтараш дар 47-километрии ҷанубу ғарби Ҷирм ҷойгир шуда, иқтидори заминларза дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер, 5,9 баллро ташкил додааст. Умқи зилзиларо марказҳои зилзиласанҷӣ 193 километр муаян кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ низ бо такя ба маълумотҳои Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шоми 5-январ, соати 19:25 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудани заминларза ва дар қаламрави Афғонистон, дар 256-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шудани маркази ин офатро тасдиқ кардааст, вале бино бар иттилоъи ин ниҳод қувваи зилзила дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил медод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд бар асари заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.