Дар Тоҷикистон боз як шабакаи нави телевизионӣ ба фаъолият шуруъ мекунад. Дар ин хусус имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саид иттилоъ дод.
Тавре Носир Саид зикр намуд, шабакаи нави телевизионӣ бо дастури Сарвари давлат таъсис дода шуда, ҳадафи он омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Барномаҳои ин шабака махсус ба омӯзиши забонҳои гуногуни хориҷӣ нигаронида мешаванд.