Барои меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, хатсайрҳои сайёҳи ташкил карда мешаванд.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи баргузории конфронс 1-уми июн меҳмонони хориҷӣ Неругоҳи барқи обии «Роғун», Неругоҳи барқи обии «Норак», Қалъаи Ҳисор, дараи Ромит, минтақаҳои сайёҳии Сиёма, Сафеддара ва дар шаҳри Душанбе мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо мекунанд.
Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалиии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо наздик ба 1700 намоянда аз давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.