Субҳи 5-сентябр як гурӯҳи террористӣ, ки аз хоки Афғонистон ба қаламрави ҷумҳурии мо гузашта, мехостанд дар арафаи Ҷашни Истиқлолият дар Тоҷикистон таркиш ва амалҳои террористӣ анҷом дода, вазъи ороми кишварро ноором созанд, аз ҷониби нерӯҳои Кумитаи амнияти миллӣ безарар гардонида шуданд.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” дар такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Террористон дар асл бегона не, балки зодагони Тоҷикистон будаанд. Инҳо Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), зодаи ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара, яке аз саркардагони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ», Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш «Абу Мусъаб»), зодаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ва Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш «Убайда»), зодаи шаҳри Кӯлоб буда, мехостанд дар Ватани худашон, дар ҷое, ки меъодгоҳи ҳафт пушташон аст ва хуни нофашон ин ҷо рехтааст, амали террористӣ анҷом диҳанд, хуни ҳамдиёрони бегуноҳи худро бирезанд ва вазъияти ороми кишварро ноором созанд, аммо оқибат ба мисли ақраб сари худро хӯрда, кушта шуданд.
“Террористон ба амри кормандони мақомоти амният барои таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се нафар аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд”-навиштааст манбаъ.
Террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда ва воситаҳои алоқа ворид намуда, дар пинҳонгоҳи худ ҷой карда будаанд, ки дар рафти амалиёт дарёфт ва мусодира карда шуд.
Муҳиммоти ҷангии дарёфтшуда аз 5 адад автомати Калашников, 2 силоҳи снайперии М-16 (истеҳсоли ИМА), 1 карабини М-4 (истеҳсоли ИМА), 1 таппончаи тамғаи «JF (ИМА), 1 таппончаи «Беретта» (Италия), 2 таппончаи СZ Р07 (Чехия), 9 норинҷаки дастии Ф-1, 4 норинҷаки дастии GP М-67 (бо ҳалқача), 22 тирдони автомат Калашников ва АК-7,62, 31 тирдони М-16, 10 адад тирдони таппонча, 448 дона тири 7,62 мм, 2 632 дона тири 5.56 миллиметра, 477 дона тири таппончаи 9 миллиметра, 50 дона тири таппончаи «Глок», 2 адад дурбини автомати М-4, 1 адад дурбини шаббини автомати М-16, 1 адад асбоби лазерии нишонгири автомати М-4, 4 адад садохомӯшкунаки (глушители) автомати М-4, 30 адад пластид (маводи таркандаи S-4 (истеҳсоли ИМА)), бо имконоти тахрибии махсусан калон, 162 капсул-детонатори тамғаи «Shan», 5 адад воситаи тарконандаи махсус, 2 адад таҷҳизоти идоракунандаи фосилавии маводи тарканда, 1 рулон таноби оташбар, 1 асбоби ченкунии электронии моҳворавии мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии ҳадафи мавриди назар, 105 батареяои электронии қувватдиҳанда, 2 соати электронии идоракунии маводи тарканда, 1 соати механикии танзимкунандаи маводи тарканда, 3 бастаи сими махсус барои пайвастсозӣ ба маводи тарканда (дарозии ҳар кадом ба андозаи 150 метр), 1 дурбини шаббин, 1 дурбини одӣ, 4 ратсияи «ICOM», 2 ратсияи «Кобра», 4 антенаи захиравии ратсия, 1 қувватдиҳандаи батарея, 5 ноқили USB, 1 ноқили AUX, 2 микросхема барои идоракунии маводи тарканда, 10 ҳазор доллари ИМА, доруворӣ ва адабиёти динии ифротӣ иборат мебошад.
Нисбат ба аъзоёни гурӯҳи террористии мазкур қаблан бо моддаи 401 эзоҳи 1 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо”) парванда оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.
Ин бори аввал нест, ки аъзоёни ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” барои ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон талош мекунанд. 26- апрел низ 2 нафар аъзои ин ташкилот бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба таври ғайриқонунӣ рахна карда, ба хоки Тоҷикистон ворид гашта буданд, вале дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҳарду террорист безарар гардонида шуданд. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.