Дирӯз дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе вохӯрии намояндаи Комиссияи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон (UNHCR) дар Осиё ва Уқёнуси Ором Бобур Балуч бо хабарнигорон доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти ин ниҳод, арзишҳои он, гурезаҳо, паноҳандагон ва ашхоси бешаҳрванд дар Тоҷикистон сухан ронда шуд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 9 532 нафар гурезаву паноҳанда (дар шаҳри Ваҳдат 77%, дар ноҳияи Рӯдакӣ 10%, дар шаҳри Душанбе 6% ва дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 7%) зиндагӣ мекунад. 99%-и онҳо бо забони дарӣ сухан меронанд ва 69%-и гурезагону паноҳандаҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки Комиссияи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон (UNHCR) бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ таъсис дода шудааст ва фаъолияташро дар соли 1951 бо мақсади ҳимоя ва кӯмак ба гурезаҳои аврупоӣ аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (1939-1945) оғоз кардааст. Аз он вақт инҷониб, Комиссия ин самти корро барои қонеъ кардани ниёзҳои гурезагон ва одамони овора дар саросари ҷаҳон идома медиҳад.
Комиссияи олии СММ оид ба гурезагон кори худро дар Тоҷикистон соли 1993 бо ҳадафи мусоидат ба раванди бозгашти паноҳандагони тоҷик ба ватан оғоз карда буд. Фаъолияти Комиссияи олии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон самтҳои зеринро фаро гирифтааст: ба ватан баргардондани ихтиёриён, ёрии тиббӣ, дастгирии гурезаҳо бо хона ва лавозимоти зарурӣ, азнавсозии хонаҳо дар ҷойҳои бозгашти гурезагон, барқарорсозии беморхонаҳо, расонидани машварат ва ёрии ҳуқуқӣ, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, мусоидат дар таҳияи заминаи қонунгузорӣ ба ҳукумат ва мақомоти қонунгузор, кумаки моддӣ ва ғайра.