Дар “Тоҷикфилм” дарсҳои забони тоҷикӣ оғоз ёфтанд
02.04.2026
Oila.tj
61

Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» даври омӯзиши забони тоҷикӣ оғоз гардид. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва фарҳанги гуфтории кормандони соҳа равона шуда, дарсҳо ҳар рӯзи чаҳоршанбе барои як сол пешбинӣ карда шудааст.

Бино ба иттилои МД “Тоҷикфилм”, машғулиятҳоро Раҳим Зулфониён, забоншиноси шинохта, номзади илмҳои филологӣ гузаронида, дар он филмноманависон, коргардонҳо ва дигар кормандону ҳавасмандон фаъолона иштирок доранд.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти МД«Тоҷикфилм» пас аз анҷоми ин курс ният дорад омӯзиши забони англисиро низ барои кормандон ба роҳ монад, то имкони ҳамкорӣ бо муҳити байналмилалӣ боз ҳам густариш ёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД