Сабабҳои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рехтани мӯйи сар зиёданд, бинобар ин, ин омилҳоро бояд бартараф намуд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи роҳҳои пешгирии резиши мӯй маълумот медиҳем.
Яке аз омилҳои асосие, ки боиси рехтани мӯйи сар мешавад, ин нарасидани сафеда дар ҷисм аст. Барои он ки ҷисматон аз сафедаҳо бой гардад, бештар гӯшти гову гӯсфанд, панир, фалла ва маҳсулоти ширӣ хӯред.
Сари луч нагардед!
Охири фасли тирамоҳ вақте ҳаво сард мешавад, трихологон -мутахассисони соҳаи солимии мӯйҳо ҳушдор месозанд, ки дар ҳавои сард сари луч гаштан оқибатҳои нохуш дорад. Ҳавои сард барои мӯйҳо стресси калон аст. Вақте мо ба берун дар ҳавои сард бо сари луч мебароем, рагҳои сар яку якбора танг мешаванд. Дар натиҷа гардиши хун халал ёфта, решаҳои мӯй ғизои даркориро намегиранд ва резиши мӯй зиёд мегардад.
Чаро сар сабӯсак мекунад?
Пӯшидани шарфи гарм аз як тараф хуб аст, вале ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Дар зери кулоҳи ғафс мӯйҳо чарби зиёде бароварда, ифлос мешавад. Сар дар дохили каллапӯш чун дар ҳаммом аст, пӯст нафас намекашад, арақ мекунад, равғанин мешавад. Ҳавои гарму намӣ боиси паҳншавии микроорганизмҳо гашта, сар сабӯсак пайдо мекунад ва мехорад. Каллапӯши гарму танг боиси заифии мӯйҳо мегардад, бинобар ин, шарф ё рӯймоли ғафсро мувофиқи андозаи саратон пӯшед ва дар як ҳафта ақаллан ду маротиба сар шӯед.
Мубориза бо ҳавои хушк
Тамоми таҷҳизоти гармкунанда, на танҳо печкаҳои электрикӣ, балки ҳатто радиатор ва кондитсионер мӯйи сарро хушк мекунанд. Аз рӯйи меъёр дар таркиби мӯйҳо аз 10 то 15% об аст, таҷҳизоти гармкунанда бошад, намиро аз мӯйҳо кашида мегиранд. Бо фен хушконидани сар ҳолати мӯйҳоро боз ҳам табоҳтар месозад. Аз ҳамин сабаб мӯйи сар ба рехтан даромада, ранг ва ҷилои пештараашро аз даст медиҳад.
Барои он ки таҷҳизоти барқӣ ба мӯйҳои шумо осеб нарасонад, латтачаҳоро дар об тар карда, дар ҳар ҷои хонаатон овезон кунед ва аз фен хеле кам истифода баред. Бе фен наметавониста бошед, аз ҳарорати начандон гарми он истифода баред ва мӯйҳоятонро пурра нахушконед.
Косметика барои мӯйи сар
Камбудии обро бо истифода аз косметика барои мӯй барқарор кардан мумкин аст. Шампунҳои нармкунанда, балзамҳо, кондитсионерҳо, тоникҳо, ниқобҳои иборат аз сафеда, силикон, равғани растанӣ, алгинатҳо, хитозан ва аллантоин мӯйи шуморо мулоим, нафис ва ҷилодор намуда, ҳар як тори мӯйро мустаҳкам месозанд.
Барои мубориза бурдан бо хушкӣ ва барқарорсозии мӯйҳо аз ниқобҳои зерини хонагӣ низ истифода бурдан мумкин аст.
Ҳардал (горчитса) ва кефир
Як қошуқча ҳардали хушкро бо 2 қошуқ кефир лат зада, ба он 1 қошуқ равғани зайтун ва зардии 1 тухмро илова кунед. Маҳлулро ба мӯйи тар молида, бо салафан ва сачоқ печонеду баъди 15 дақиқа саратонро бо шампун шӯед. Ниқоби мазкур гардиши хунро дар пӯст тезонда, решаҳои мӯйро ғизо мебахшад.
Асал ва алоэ
Як қошуқ шарбати сабр, яъне алоэро бо 1 қошуқ асал ва як қошуқча равғани беданҷир омехта намуда, маҳлулро ба решаҳои мӯятон моледу ним соат нигоҳ доред. Баъдан саратонро бо шампун шӯед.