Дар Теҳрон ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
73

Дирӯз, 8-уми октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури фарҳанг, Раиси Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон Муҳсини Ҷаводӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду мамлакат, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштараки бузургони илму адаб ва фарҳанги ду давлат ва ғайра табодули афкор намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД