Дар вилояти Суғд шумораи занҳое, ки дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд мекунанд, меафзояд. Дар бадали як соли охир дар вилоят беш аз 500 кӯдакони дугоник, сегоник ва чоргоник ба дунё омадаанд.
Тавре расонаҳо дар такя ба гуфтаҳои Индира Акмалхоҷаева, масъули Раёсати тандурустии вилоят навиштаанд, соли 2025 дар Суғд 487 ҳолати тавлиди дугоникҳо ба қайд гирифта шуда, 8 сегоник ва дар шаҳри Конибодом 1 чоргоник ба дунё омадааст.