Дирӯз, 11-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд шашгоник ба дунё омадааст. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати тандурустии кишвар хабар дод.
Гуфта мешавад, ки навзодон ду писар ва 4 духтар мебошанд ва вазъи саломатии кӯдакону модарашон - Муборак Соҳибова хуб арзёбӣ мешавад. Вазни кӯдакон аз 600 то 700 граммро ташкил медиҳанд.
Инчунин хонед:
МОДАРИ ПАНҶГОНИКҲОИ ҚУБОДИЁНӢ: НАРХИ ШИР 150-СОМОНӢ! ШАВҲАРАМ БЕ КОР АСТ, ЧИ КОР КУНАМ?
Таваллуди шашгоникҳо дар Тоҷикистон бори нахуст ба қайд гирифта мешавад, зеро пештар дар кишвар таваллуди панҷгоникҳо ба қайд гирифта шуда буд.