Дар вилояти Суғд даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар байни 18 шаҳру навоҳии вилоят шаҳри Хуҷанд барои саҳми арзанда дар ободонию созандагӣ ва сабзазоркунӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ сазовор гардонида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ беш аз 1 миллион дона гулҳои ҳархела ва беш аз 300 ҳазор дона гули лола шинонидаанд.