Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат, дар вилояти Суғд даври сеюми (вилоятӣ)-и Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, маросими ифтитоҳи Олимпиада бо иштироки роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Суғд, аъзои Кумитаи тадорукот, ҳайати доварон, омӯзгорон ва хонандагони болаёқат баргузор шуд.
Дар рӯзи аввали баргузории олимпиада зиёда аз 350 нафар хонанда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи се фан - физика, химия ва биология иштирок намуданд.