Arzon march 2024
Дар Суғд баъзе роҳҳо муваққатан баста мешаванд
268

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд мераванд. Ин сафар то 10-уми сентбяр идома меёбад ва дар назар аст, ки Сарвари давлат рӯзи 9-уми сентябр дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд.

Дар робита ба ин, шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд эълон кардааст, ки аз 7 то 10-уми сентябр роҳҳои мошингард дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо баста мешаванд.

Ба зикри манбаъ, рӯзи 7-уми сентябр кӯчаҳои Хувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонии шаҳри Бӯстон, роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Ғафуров ва кӯчаи марказии шаҳраки Сирдарёву кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон давоми рӯз муваққатан баста мешаванд.

Ҳамзамон, рӯзи 8-уми сентябр роҳҳои мошингарди Булоқ-Понғоз, ҳудуди роҳҳои марказии ҷамоатҳои Шодоба, Ошоба ва "Алпони ноҳияи Ашт, 9-уми сентябр кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон, роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ёваи ҷамоати Ёва ва пули Истиқлол (Ҷигатой)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чорраҳаи маҳаллаи Сарсук, кӯчаҳои Рифат Ҳоҷиев, Шимкент ва 25-солагии Истиқлоли шаҳри Хуҷанд маҳкам мешаванд.

Ҳамин тавр, рӯзи 10-уми сентябр роҳҳои автомобилгарди Конибодом-Деҳмой, ҳудуди деҳаи Кучкак, кӯчаи М. Турсунзодаи деҳаи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ, Содир Қобилов, Маданият ва Айнии шаҳри Конибодом баста хоҳанд буд.

Бинобар ин, ШБДА дар вилояти Суғд аз шавҳрвандон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои зикршуда тавассути кӯчаҳои ҳампаҳлу сафари худро идома диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД