Arzon march 2024
Дар Суғд бақайдгирии электронии таваллуд ва вафот оғоз ёфт
304

Дар вилояти Суғд бақайдгирии электронии таваллуд ва вафот оғоз ёфтааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади рушди системаи бақайдгирии рақамӣ ва сабти электронии таваллуди кӯдакон ва ҳодисаҳои вафот дар таваллудхонаҳои вилояти Суғд ва марказҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шудаанд, ки дар он кормандони идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ иштирок доштаанд.

Манучеҳр Шамсуллозода, Директори Маркази иттилоот ва маълумотҳои тиббӣ ва Манучеҳр Асомиддин, мутахасисси рақамикунонии соҳаи тандурустӣ тарзи электронии бақайдгирии таваллуд ва вафотро ба кормандони тиб фаҳмонида, дар бораи нозукиҳои кори системаи мазкур маълумот додаанд.

«Рақамикунонии бақайдгирии таваллуд ва вафот ба аниқ ва дақиқтар шудани маълумотҳои омории демографӣ мусоидат намуда, ҳамзамон дастрасии маълумот доир ба вазъи саломатии аҳолӣ осон мегардад”,- омадааст дар хабар.

Ҳадаф аз рақамикунонии бақайдгирии таваллуд ва вафот созмон додани махзани ягонаи маълумотҳо барои омор мебошад. Системаи мазкур робитаи электронии муассисаҳои тиббиро бо САҲШ ва дигар идораҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди муҳим таъмин месозад ва гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои аҳолӣ осонтар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД