toyota motors
Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
14.06.2026
Oila.tj
38

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар паранда мавҷуд буда, дар панҷ моҳи соли равон 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвар-2017» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми паранда нигаронида шудааст. Айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад.

Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 миллион донаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии мамлакат пешниҳод шуда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД