Мову шумо дар соли нави мелодӣ қарор дорем. Мувофиқи тақвими шарқӣ имсол соли мор аст. Мехоҳед донед, ки дар соли 2025 кадом рангҳои либос мӯд мешаванд? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!
Соли 2025-ро соли аждари сабз эълон кардаанд. Дар ин сол тамоми намуди либсҳое, ки рангашон сабз аст, мӯд мешаванд. Фарқ надорад, ки ранги либос сабзи паст аст ё баланд, тамоми тобишҳои ранги сабз имсол ба мӯд ворид мегарданд.
Албатта тамоми сол мову шумо наметавонем танҳо либос сабз бипӯшем. Мӯдшиносон дар соли нави 2025 пӯшидани либосҳои қаҳваранг, хокистарранг, сиёҳ ва сафедро низ тавсия додаанд.
Аммо шахсоне, ки мехоҳанд дар соли 2025 орзуҳои бузурги худро амалӣ намуда, ба қуллаҳои баланд бирасанд, барои вохӯриҳои муҳим ва тақдирсоз бояд либосҳои рангашон кабудро интихоб намоянд. Ранги кабуд ба ҳокими сол-аждар писанд аст ва бо чунин либос дари муваффақиятҳо ба рӯятон боз мегардад.
Пӯшидани либосҳои рангашон бунафш ба духтараконе, ки мехоҳанд бахти худро дар соли 2025 пайдо намоян д, тавсия дода мешавад. Ин ранг ба гулдухтарон хушбахтӣ меорад.
Пӯшидани либосҳои рангашон сурх, норинҷӣ ва тиллорангро мӯдшиносон танҳо дар рӯзҳои ид тавсия медиҳанд, зеро ин рангҳо хоси оташ ва офтоб буда, ба соҳибашон дурахши тоза ато менамоянд.
Ва дар охир боз як маслиҳати хурдакак. Дар соли 2025 мӯдшиносон ба бонувон аз ҳад зиёд рангубор кардани чашму абрувони худро тавсия намедиҳанд. Ҳусни табиӣ бо каме ороиш дар соли нав шуморо ба мисли малика зебо ва ҷаззоб месозад.