Соли нав айёми муъҷизаҳост. Мегӯянд дар соли нав инсон чӣ орзуе, ки накунад, ҳатман ба орзуяш мерасад. Мехоҳед донед, ки дар соли нав, ки соли Асп мебошад, чиро орзу кардан лозим аст, то ки ба орзуи худ ба осонӣ бирасӣ? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Тарси худро дар соли кӯҳна гузоред!
Тавре ситорашиносон мегӯянд, асп табиатан одамони далер ва шуҷоъро дӯст медорад ва тарсончакҳоро хуш надорад. Дар соли нав танҳо шахсоне ба орзуи худ расида, нақшаву ният ва муроду мақсади худро амалӣ месозанд, ки нотарсона барои расидан ба хостаҳои худ талош менамоянд. Агар шумо дар соли асп дари муваффақиятҳоро ба рӯйи худ боз намудан хоҳед, пас аз ҳокими сол - Аспи оташин чизҳоро талаб намоед, ки беш аз ҳама метарсед. Асп ин шуҷоати шуморо қадр намуда, тарсатонро ба туҳфаи ҳақиқӣ табдил медиҳад, зеро соли 2026 соли одамони қавииродаест, ки тарси худро мағлуб намуда, ба сӯйи комёбӣ ва муваффақиятҳо далерона қадам мегузоранд.
Соли наватон муборак бошад!