Вобаста ба завқ ва талаботи муштариён ҳар сол телефонҳои гуногун мӯд мешаванд. Дар соли 2025 телефони тамғаи iPhone аз ширкати Apple ва Samsung Galaxy S23 дар сархати тренд қарор доранд.
Талабот ба телефонҳои мобилӣ дар ҷаҳон вобаста ба тренд тағйир меёбад, аммо айни замон бренди Apple бо iPhone ва Samsung Galaxy S23 дар байни моделҳои гуногуни телефон аз ҳама мӯдшуда ба шумор мераванд. iPhone бо камераи аъло ва технологияи коркарди тасвираш маъруф мебошад. Моделҳои охирини iPhone бо технологияҳои нави беҳтарин камераи видеоии 4К ё 8К ва қобилияти аълои аксбардорӣ машҳур мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки iPhone аввалин маротиба дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби ширкати Apple ба бозори телефонҳои мобилӣ ворид карда шудааст. Модели аввалини iPhone 9-уми январи соли 2007 аз ҷониби Стив Ҷобс, муассиси Аpple муаррифӣ карда шуда буд. Samsung дар Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз соли 1938 аз тарафи Ли Бёнг таъсис ёфтааст, вале бо рушди технологияҳои мобилӣ ва электроника он бо телефонҳои мобилӣ ва дигар таҷҳизоташ шуҳрат ёфт.