arzon replenishment
Дар соли 2025 қариб 10 миллион китоби дарсӣ нашр мешавад
180

Бо мақсади бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ соли 2025 дар ҷумҳурӣ нашри 120 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 9 миллиону 154 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат вобаста ба такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои муфид андешида шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи амалкунандаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11»-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ куллан бознигарӣ шуда, дар доираи лоиҳаи SТЕМ то охири соли 2025 бознигарӣ ва таҳияи 14 номгӯй китоби дарсӣ аз фанҳои химия, биология ва физика дар назар дошта шудааст. Давоми сол дар маҷмуъ 60 номгӯй китобҳои дарсии насли нав чоп мешаванд”,- гуфт вазир.

Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 112 номгӯй адабиёти таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо теъдоди 4 миллиону 674 ҳазор нусха нашр шудааст, ки назар ба як соли пеш 340 ҳазор нусха зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД