Arzon march 2024
Дар соли 2023 ба донишгоҳҳои Русия чанд донишҷӯ аз Тоҷикистон дохил шуданд?
1405

Дар ҷараёни маъракаи қабул барои соли хониши 2023-24 донишгоҳҳои Русия тибқи квотаи ҳукумати ин кишвар 29 728 донишҷӯи хориҷиро қабул кардаанд. Дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон дар сегонаи аввали донишҷӯёни хориҷӣ қарор доранд.

- Дар соли таҳсили 2023-2024 беш аз 355,7 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд,- хабар медиҳад нашрияи “Ведомости” бо истинод ба гузориши муовини сарвазири Русия Татяна Голикова.

Бар асоси ҳисобҳои ин нашрия, шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия дар панҷ соли ахир 16 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин санад бармеояд, ки дар соли 2023 ҳудуди 29,7 ҳазор хориҷӣ ба донишгоҳҳои Русия дохиш шудаанд. Гуфта мешавад, ки аксари онҳо шаҳрвандони Беларус (2166), Тоҷикистон (1965) ва Чин (1844) будаанд.

Дар қатори кишварҳои пешсаф аз рӯи теъдоди донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия инчунин шаҳрвандони Қазоқистон (1789), Ӯзбекистон (1641), Сурия (1377), Қирғизистон (1032), Афғонистон (982), Туркманистон (894) ва Ветнам (855) низ қарор доранд.

Дар аксари маврид шаҳрвандони хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия дараҷаи бакалавр (12 ҳазор нафар) ва магистрӣ (8,2 ҳазор нафар) дарёфт мекунанд. Гуфта мешавад, ки донишҷӯёни хориҷӣ бештар ба риштаҳои марбут ба тиб, равобити байналмилалӣ, иқтисод, ҳуқуқ ва сохтмон дар донишгоҳҳои Русия таваҷҷуҳ доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар мулоқоти намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо масъулини Вазорати маориф ва илми Русия гуфта шуд, ки дар умум соли 2023 наздики 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар омадаанд.

Дар ин замина зикр шуд, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия беш аз 28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Дар баробари ин, давлати Русия дар соли хониши 2024-2025 бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро то як ҳазор нафар афзоиш дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД