Arzon march 2024
Дар шумораи 40-уми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
1580

“Зане, ки ҳамрози бонувон аст”. Чунин унвон дорад зиндагинома ва фаъолияти қаҳрамони рубрикаи “Иродаи зан” Ҷаннат Абдуллоева, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бонувон маслиҳатҳои психологӣ медиҳад.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Аз дасти янга рӯз надорам”, “Арӯсро чӣ хел одам кунам?” ва “Хушдоманам нонро қулф мекунад” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Зани дуюм ҳам оҳ дорад” зиндагиномаи занест, ки бо ҳукми сарнавишт шавҳари аввалаш вафот мекунаду баъди чандин соли ба худ омадан дубора бо марде оиладор мешавад, вале ба ҳайси зани дуюм. Мутаассифона, шавҳари дуюмаш ӯро туҳмат мекунад, вале дар охир подоши амали худро мебинад.

“Шаппотии тақдирсӯз” сарнавишти духтаре аст, ки рӯзе падараш дар сари қаҳр як шаппотӣ мезанаду дар натиҷа духтар аз ошёнаи 5-ум меафтад ва бо вуҷуди ҷавон буданаш побанди аробачаи маъюбӣ мегардад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи муаллифи саҳифаҳои пухтупаз дар шабакаи инстаграм Табассум Давлатова маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “Қоидаҳои пардози рӯй баъди 50-солагӣ” ва “10 хӯрдание, ки одамро зираку доно месозанд” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар “Суҳбати сари роҳ” хабарнигори “Оила” бо офарандаи нақши Сангалӣ –яке аз қаҳрамонҳои асосии силсилафилми мазкур Абдухалил Буриев дар бобати пайвастан ба дунёи синамо, бурду бохти “Хусури ман” ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев ва аҳли оилаи ӯ мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад (с)”, “Исқот дар ислом равост?”, “Пиво ҳалол аст, агар...”, “Чӣ кор кунам, ки савоб бигирам?” аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Зангирӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” оид ба мушкилоти муҳоҷират ва онҳое, ки дар қаламрави Русия ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, саволҳои хонандагон ва номаҳояшон дарҷ мегардад. Дар шумораи навбатӣ номаи зани муҳоҷирро таҳти унвони “Фоҷиаи ишқи бебарори муҳоҷир” мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД