Зери рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Модари 4 сагу 20 гурба” мавод аз зиндагиномаи зане дарҷ гардидааст, ки дар хонаи худ сагу гурбаҳои бесоҳибро мисли фарзандони худаш нигоҳубину парасторӣ мекунад.
Зери рубрикаи “Зан ва мард” таҳти унвони “Хиёнатро фақат хоин мебахшад?” фикру ақидаи бонувон оид ба хиёнати мардон ва аксуламали бонувон нисбати ин падидаи номатлуб дарҷ гардидааст.
“Хушдоманамро куштам” сарнавишти зане аст, ки ба қадри муҳаббати шавҳару меҳрубонии хушдоман нарасида, сабабгори марги модари шавҳараш мегардад. Баъди он ки фарзандонаш парешону дар дами пирӣ танҳову бекас мемонад, аз кардаҳои худ пушаймон мешавад, вале оби рехтаро бардошта намешавад.
Зери рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба саволи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Профили рақамӣ чист ва чаро Русия онро ҷорӣ кард?” посухро мутолиа намоед.
Қиссаи “Тӯйи хунин” дар бораи арӯсаки ғӯррамарге навишта шудааст, ки шаби аввали тӯяш дар танҳоӣ ба ҳавлии падарарӯсаш баромада, мавриди ҳамлаи сагҳои хунхӯр қарор мегирад. Арӯси ғарқи хунро субҳ хушдоманаш пайдо мекунад, вале алакай дер шуда буд.
“Ҷазои писари эрка”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Дар қиссаи мазкур оқибати эрка ба воя расонидани фарзанд ва аз тарбия дур мондани писари хонадон тасвир гардидааст, ки хеле пандомӯз ва тарбиявӣ аст.
Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи рӯзноманигори ҳафтаномаро бо журналисти саршинос ва наттоқи шинохтаи телевизиони “Синамо” Насиба Рустамзода оид ба пайроҳаи эҷодӣ ва зиндагии шахсии ӯ мутолиа карда метавонед.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати зиндагиномаи ҳунарпешаи ҷавон Дилноза Раҳимӣ оид ба он ки то замони шуҳрат ёфтанаш чӣ кор мекард, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳиба бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоеваро оид ба зиндагии шахсияш, ки пур аз фоҷеаҳои талху дарднок аст, мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “8 фоидаи оби хуч ба саломатии инсон” ва “Витаминҳои баҳорӣ барои зебоӣ” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед. Дар ин шумора ба саволҳои “Даҳонбандӣ дар рӯзи ид”, “Фазилатҳои иди фитр”, “Рӯзаи баъди ид”, “Арӯсӣ дар байни ду ид”, “Рӯзаи қазоӣ”, “Дузди намоз” посухҳоро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Хобнома” ба саволи “Тухм дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!