Arzon march 2024
Дар шумораи №11-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
2425

Дар “Ошхонаи Оила” бонуи ҳунар ва сарояндаи зебои тоҷик Саодат Анварӣ барои мухлисони худ торти “Наполеон” мепазад.

Таҳти унвони “Бибӣ Фотима 111-сола шуд” пайроҳаи зиндагии зани дарозумртарини кишварамон Фотима Салимова, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқшиноси “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов посух медиҳад. Ҳафтаи мазкур ба саволҳои “Пули барқро кӣ медиҳад?” ва “Кӯдак бо кӣ зиндагӣ мекунад?” посухро аз ҷониби мутахассис мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” тафсилоти ҳодисаеро дар бораи як муҳоҷири тоҷик, ки барои куштори ваҳшиёнаи арӯси ноболиғаш дар кишвари рус ба 15, 6 соли зиндон маҳкум намуданд, мутолиа намоед.

“Ғуломи хоҳаршӯ нестам” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, аз сарнавишти як келини хонадон, ки мавриди фишору хушунати хоҳаршӯи худ қарор гирифтааст, навишта шудааст.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳавтаномаро бо блогери фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Умед Раҳмонӣ, ки аксаран бо наворҳои панду андарзӣ миёни мардум шинохта шудааст, доир ба махсусияти блогериву блогинг дар кишвар мутолиа карда метавонед.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати фаъолияти касбии омӯзгори забони англисӣ Саъдӣ Тоҳирзода, ки дар фазои Инстаграмм хеле машҳур аст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “9 роҳи тоза кардани пӯсти рӯй” ва “Хӯрокҳои фоиданок ва зараровар дар моҳи шарифи Рамазон” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои ирсолнамудаи хонандагони ҳафтаномаро таҳти унвони “Дилам ба дугонаам месӯзад”, “Аз падарарӯсам метарсам”, “Арӯси сӯхтагиро дидаму...” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими вақтҳои намоз барои моҳи марти соли ҷорӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардад.

Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Шогирдон бароям азизанд” аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти кории омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Айнӣ Авезова Назира мавод дарҷ гардидааст.

“Пирдухтар хушбахт мешавад?” чунин унвон дорад мавзӯи назарпурсӣ, ки дар қисмати дуюми саҳифаи 15 дарҷ гардида, дар он фикру андешаҳои бонувон дар мавриди он ки чаро ҷавонон духтарони синну соли баркамолро ба занӣ намегиранд, мавод дарҷ гардидааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД