Sebiston new 2024 october
Дар Шаҳритус чӣ гузашт?
721

Қаблан дар такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаждании кишвар аз заҳролудшавии як оила аз маводи ғизоӣ хабар дода будем.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 2 май, тахминан соати 18:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритус тибқи маълумоти пешакӣ 9 нафар узви як хонадон аз ғизо заҳролуд шудаанд.

Дар натиҷаи ин 4 нафар фавтиданд ва 5 нафари дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Мақомоти марбута сабаби ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо, Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдакаш, ки фавтиданд, дирӯз ба хок супориданд.

Дар ҳамин ҳол, Сония ном як корбари Инстаграмм, ки ба оилаи фавтидаҳо наздик аст, ба сомонаи “Оила” гуфт, дар натиҷаи хӯрдани консерва на 9 кас, балки 8 нафар заҳролуд шудаанд.

Аз ин ҳодиса 5 нафар фавтид. Апааш бо ду кӯғдакаш ва хоҳараш бо як кӯдак. 3 кӯдаки боқимонда дар бемористонанд. Апааш аз консерва заҳролуд нашуда буд. Вақте ӯ ҷасади хоҳарашро бо кӯдакашу духтарчаи худашро дид, аз тарс дилаш кафида, фавтид”, - гуфт ин сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ғизову консерва чанд соли охир афзуда, чанде қабл дар шаҳри Панҷакент низ як оила бо ин омил фавтида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД