Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз заҳролуд шудани чор кӯдаки як оила аз ангишт дар Шаҳристон хабар дод.
- 17-уми декабри соли 2024, соати 05:30 дақиқа дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон 4 кӯдаки ноболиғ аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтанд. Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Мутаассифона, бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд,- мегӯяд манбаъ.
Кӯдакони фавтида яке 6-сола ва дуюмӣ 13-сола будаанд. Айни замон ду нафари дигари онҳо, як писари 14-сола ва духтари 10-солаи ин хонадон дар ҳоли вазнин дар бемористон бистарианд.