Дар Шаҳристон 3 миллион сомони пули ҳаҷро барои ободонии деҳот сарф карданд
21

Дар Шаҳристон маблағи ҳаҷро
барои ободонии деҳот сарф карданд
Сокинони ноҳияи Шаҳристон беш аз 320 ҳазор доллар маблағи барои сафари Ҳаҷ ҷамъкардаашонро ба рушди деҳоти худ сарф кардаанд
Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд тақрибан 100 нафар барои ободонии деҳаҳои худ маблағеро, ки барои сафари Ҳаҷ ҷамъ карда буданд, садақа додаанд.
Ҷамъи маблағи ин хайрияҳо беш аз 3 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба зиёда аз 320 ҳазор доллар баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳристон Рабим Ғафурзода ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Ба қавли раиси ноҳия маблағи мазкур барои сохтмону бозсозии роҳу пулҳо, таъмини барқ, беҳтар намудани шароити боғчаҳои кӯдакона ва дигар муассисаҳои ёрирасон истифода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД