Commerce bank may-june 2026
Дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Иди Ваҳдати миллӣ 3 ошхонаи нав сохтанд
93

Дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ чанд иншооти нав бунёд гаштааст.

Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар додаанд, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Қаратоғи ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода се ошхонаи замонавӣ, дар деҳаи Батош дорухонаи нав ва дар деҳаи Сайдалӣ Табаров нуқтаи барқдиҳии электромобилҳо ба истифода дода шудааст.

Иншооти номбурда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шудаанд. Бунёди ин иншоот ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар дараи Қаратоғ ва соҳибкории хурду миёна дар ин минтақа заминаи хуберо фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД