1xbet
Дар шаҳри Панҷакент деҳаи нав бунёд мешавад
89

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони шарикони рушд дар маҳали нави аҳолинишин, ки дар наздикии деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ворӯ бунёд мегардад, санги асос гузошта шуд.

Зимни гузоштани санги асос ва муаррифии лоиҳаи деҳаи нав зикр гардид, ки он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии “Шарҷа” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар аввал барои 25 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои истиқоматии дорои се ҳуҷра ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта мешаванд. Дар деҳаи нав бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар дошта шудааст.

Тибқи нақша, хонаҳои нави истиқоматӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омода гардида, ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақдим хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД