tobiston
Дар шаҳри Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
151

Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон 3-юми август дар шаҳри Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор карда мешавад.

Марафони велосипедронӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе шуруъ аз назди бинои Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то дидбонгоҳи «Чорбоғ» баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ 10-уми август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД