Formula novemver 2024
Дар шаҳри Душанбе беш аз 6 ҳазор радар насб мешавад
393

 

Дар шаҳри Душанбе насби радарҳо идома дошта, он 19 намуди қоидавайронкунии ронандагонро сабт намуда, ба пойгоҳи додаҳои ягона мефиристад. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Беш аз 6 ҳазор чунин таҷҳизоти техникӣ дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳои серҳаракати нақлиёт насб мешаванд. Онҳо қоидаҳои ҳаракат, ба монанди набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, таваққуф дар истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, баромадан ба хати муқобили ҳаракат, монеа шудан ба дигар воситаҳои нақлиёт ва ғайраро сабт менамоянд.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва кам намудани шумораи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 19 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармонро дар бораи 30 фоиз кам намудани шумораи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД