formula feb 2025
Дар шаҳри Душанбе 43 ҳазор ҷойҳои нави корӣ кушода шуданд
253

Соли 2024 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе чандин корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуда, дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ зиёда аз 43 ҳазор ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ин ба баланд гаштани сатҳи истеҳсолот ва беҳтар шудани шароити зисту зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ин нукта зимни суханронии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар садо дод.

Таъкид карда шуд, ки соли 2024 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ба марҳилаи нави рушд баровардани пойтахт ва баланд бардоштани накӯаҳволии сокинон як силсила тадбирҳои судманд андешидаааст. Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 31,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз бештар мебошад. Корхонаҳои саноатии Душанбе дар ин давра ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати рушд 25 фоиз афзудааст. Айни замон, ҳиссаи пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 20,4%-ро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД