formula
Дар сармо паррандагонро аз талафёбӣ ҳифз мекунанд
161

Бо дастури Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо кормандони МД "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и шаҳри Душанбе дар ҳудуди боғи болозикр ҷиҳати ҳифз ва эмин мондани олами парандаҳо ва ҳайвонот аз хунукиҳои рӯзҳои охир ба миқдори 500 кг донагиҳо ва дарзаҳои хошок дар минтақаҳои ҳудуди боғ ҷойгир карда шуд.

- Бояд таъкид намоем, ки боришоти рӯзҳои аввали моҳи март дар ҳаёти парандаҳо ва олами ҳайвонот мушкилот пеш оварда, ягона роҳи эмин мондани парандаҳо - ин пеш аз ҳама гузаронидани корҳои биотехникӣ ба ҳисоб меравад. Чунин тадбири экологӣ имкон медиҳад, ки парандаҳо ҳифз карда шаванд. Дар ин баробар шаҳрвандон низ метавонанд дар дилхоҳ минтақаи мусоид ба парандагон дона диҳанд,- гуфтанд аз ин ниҳод.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки чунин тадбири экологиро дар рӯзҳои минбаъда дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД