tobiston
Дар Санкт-Петербург таксирониро боз ба муҳоҷирон иҷозат доданд
161

Дар бисёр минтақаҳои Русия дар аксари соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ манъ гашта буд, вале акнун Санкт-Петербург дубора барои кор кардани муҳоҷирон ба сифати таксист дар ин шаҳр иҷозат додааст.

Мақомдорони ин шаҳри бузург, ки пойтахти дуюми Русия ба шумор меравад, тасмими худро ба нарасидани ронандагон нисбат додаанд, ки хатари то 50% боло рафтани нархи истифодабарии таксиро ба миён меорад.

Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар Санкт-Петербург натанҳо ба сифати ронандаи таксӣ, балки ба ҳайси боркашон-курер низ кор кунанд.

Минтақаҳои дигари Русия низ оҳиста-оҳиста монеаҳои соли гузашта барои муҳоҷирони меҳнатӣ мондаи худро аз байн бардошта истодаанд. Аз ҷумла, дар Краснодар ба муҳоҷирон дар сохтмон кор кардан иҷозат дода шудааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ то охири соли 2025 метавонанд дар бунёди иншооти муҳими хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз ҷумла сохтмони мактабҳо, боғчаҳои бачагона ва беморхонаҳо ширкат варзанд. Аммо дар бахши бехатарӣ ва дар соҳаи тандурустӣ кор кардани муҳоҷирон то ҳол манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД