arzon replenishment
Дар рӯзи тӯяшон либоси сафеди арӯсӣ пӯшидани духтарон ҷоиз аст?
05.03.2025
Оила
954

 

Оё барои духтарон ҷоиз аст, ки дар шаби тӯяшон либоси сафеди арӯсӣ бипӯшанд? Яке аз хешовандонамон мегӯяд, ки либоси сафед либоси занони кофир аст, бинобар ин, пӯшиданаш ҷоиз нест.

Малоҳат, ш. Хуҷанд

 Посух

Ҳеҷ ишколе нест, ки зан либоси сафеди арӯсӣ бипӯшад. Муҳим он аст, ки либоси арӯсӣ либоси нимбараҳна набошад, ки зебоиҳои бадани занро намоён бикунад. Шумо қайд кардед, ки он либоси занони кофир аст, ин тавр нест, зеро имрӯзҳо бисёре аз мусулмонзанон ин либоси арӯсиро мепӯшанд.

Донишмандон бар он назаранд, ки барои зан ҷоиз аст, ки либоси сафед бипӯшад, ба шарте ки он дар шакли либосҳои мардона набошад. Аммо оиди ин ки ин амал монандӣ ба кофирон аст, ҳоло чунин нест, зеро дар ҳоли ҳозир тамоми занони мусулмон ҳангоми издивоҷ ин либосро мепӯшанд.

Аз кумитаи доимии фатводиҳӣ оиди пӯшидани либоси сафеди арӯсӣ ва ороиши махсус дар шаби издивоҷ пурсиданд, ки оё ин дар Ислом асосе дорад?

Чунин посух дод:

Барои зан ҷоиз аст, ки либоси махсуси шаби арӯсӣ ва дигар либосҳоро бипӯшад, ба шарте ки ин либос баданро бипӯшонад ва монанди либоси мардон ё занони кофир набошад. Барои зан ҷоиз нест, ки рӯяшро дар назди мардони номаҳрам бикшояд, на дар шаби издивоҷ ва на дигар вақтҳо.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД