Arzon march 2024
Дар рӯзи иди Фитр рӯза доштан равост?
10.04.2024
ОИЛА.ТҶ
685

 

Баъзеҳо дар рӯзи ид аз субҳи содиқ то вақти намоз рӯза медоранд. Мегӯянд, ки рӯзаи рӯзи ид савоб аст. Шариати Ислом ба ин чӣ назар дорад?

Посух:

- Дар рӯзи иди Қурбон нияти рӯзаи нафл кардан аз субҳ то вақти гузоридани намози ид мустаҳаб аст, аммо на дар иди саиди Рамазон. Дар рӯзи иди Фитр пеш аз рафтан ба идгоҳ ширинӣ ё ҳар чизи дигаре тановул кардан мустаҳаб ва савоб аст.

Бинобар ин, дар рӯзи иди Рамазон рӯза надоред. Субҳ қабл аз рафтан ба намози ид бо аҳли хонавода ширинӣ бихӯред ва аз Худованд шукргузорӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД